Ифтитоҳи фосилавии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар шаҳраки Баҳористони ноҳияи Деваштич

Бинои мактаб барои таҳсили 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз 8 синфхона ва кабинетҳои фаннии барҳавою муҷаҳҳаз иборат мебошад. Дар муассиса 20 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи июли соли 2026 оғоз гардида, бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ, аёниятҳои хониш ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин гардидааст.
Саҳни муассиса бо роҳравҳои зебо ва гулу буттаҳо ва дарахтони сояафкан сабзкорию ороста гаштааст.
Омӯзгорону хонандагони мактаб ва сокинони шаҳраки навбунёди Баҳористон аз мавриди истифода қарор гирифтани ин боргоҳи илму маърифат бо шароити муосири донишомӯзӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.