ТУҲФАҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БА ТАРБИЯГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН РАСОНИДА ШУД

2 ноябри соли 2026 дар Маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»‘-и шаҳри Истаравшан аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 170 нафар тарбиягирандагони мактаб — интернати шаҳри Истаравшан туҳфаҳо супорида шуд.
Туҳфаҳоро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашӯрзода ва Абдусаттор Қодирӣ, раиси шаҳри Истаравшан ба тарбиягирандагони мактаб — интернат тақдим намуданд.
Зимни тақдими туҳфаҳо зикр гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ, шароити таҳсил ва будубоши тарбиятгирандагон дар мактаб-интернатҳо барои кӯдакони ятим бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтару хубтар карда шуда, ҷавонону наврасони ятим бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиши мамлакат илму ҳунар меомӯзанд ва дар шукуфоии аз ин ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазои худро мегузоранд.
Тарбиягирандагон низ дар навбати худ миннатдории самимонаи хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, изҳори хушнудӣ намуданд, ки дар чунин як кишвари ободу зебо зиндагӣ дошта, дониш меомӯзанд ва ҳамеша таҳти ғамхорию дастгирии Пешвои маҳбуби миллат қарор доранд.