Дар Муассисаи таълимии томактабии №110-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ давраи солимгардонии кӯдакон мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии соҳаи маориф ва реҷаи тобистона ба таври муташаккилона ҷараён дорад.
Дар ин давра барои кӯдакон шароити мусоид ҷиҳати таҳкими саломатӣ, истироҳати пурмазмун ва ташкили фароғати шавқовар фароҳам оварда шуда, машғулиятҳои варзишию солимгардонӣ, оббозӣ дар ҳавз, бозиҳои ҳаракатнок, расмкашӣ, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар фаъолиятҳои инкишофдиҳанда мунтазам баргузор мегарданд.
Таъмини муҳити бехатар, риояи талаботи санитарию беҳдоштӣ ва ташкили ғизои босифат аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассиса дар давраи солимгардонӣ маҳсуб меёбад.
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пайваста ҷиҳати ташкили босифати давраи солимгардонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду тарбияи кӯдакон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Нишон
Парчам
Суруди миллӣ



